Шеърхо дар бораи Модар

Дата Автор Оставить комментарий
  • Зиндагиро дуст дорам аз
    барои модарам.... Аз барои
    он,ки модарам хаст болои
    сарам..... Эй худои мехрубон
    ту нигахдор модарам...... Ман
    бубинам дарду гам лек набинад модарам...
  • Ман ба мехри Модари чон ташнаам.
    Бар мухабатхои чонон
    ташнаам.
    Бар чавои кухсорон
    ташнаам.Бар навои обшорон ташнаам.
    Бар сафои разаборон
    ташнаам.
    Бар хавои Точикистон ташнаам.
  • То пои равон доред,сад шукри Худо гуед
    То нимаи нон доред,сад шукри Худо гуед
    Аз ганчи хама дунё,болотару волотар
    Чун модари чон доред,сад шукри Худо гуед!
  • Маро ёди ватан хуштар зи чон аст,
    Каси андар ватанро дар забон аст.
    Фазои Майханам бегонавор аст,
    Гариби беватан зору низор аст.
    Кадамгохи азизон чун бихишт аст,
    Каси андар Ватан некусиришт аст.
    Гариби мояву сармоя дорад ,
    Каси андар ватан сад поя дорад.
    Гариб кай появу бунёд дорад
    Зи сузи дил факат фарёд дорад
    Сари савдоии махчури ранчур,
    Чунон аст, ин ки гуи зинда дар гур.
    Агарчи равшан аст шаб дар гариби ,
    Бувад чашми гарибон нокису кур.
    Набинад зебу зинат дар гариби
    Касе ки дида бошад зеби
  • Ахтарам гавхарам ёварам чон модарам,
    Гамбарам шахпарам модарам чон модарам.
    Бехтарин дурни ман туи,
    Бартар аз руёи ман туи.
    Эй тулуи зиндагониям,
    Кавсару ту бои ман туи.
    ****
    Бе ту ман сомон надорам,
    Дардаму дармон надорам.
    Туи гулбарги умедам,
    Шабнаму борон надорам.
    Ман фидои бокиш поят,
    Садкаи панду дуоят.
    Сарфарозу шери умрам,
    Ту хама боши кифоя.
  • ****
    шоири хам хаст як бахши атои модарам,
    ман факат шоир шудам аз бачахои модарам.
    садкаи шири покаш,садкаи муйи сафедаш,
    ман надидам хеч кимате андар бахои модарам,
  • Аз хама чиз азизтар,дар дунё
    бувад Модар.Модар ба чон
    баробар,Чонам фидои
    модар!!!
  • Гарчи дони кадри Модар
    хурмати уро бикун, Пас аз
    он,ки рафт аз дунё гиряву
    нола накун...
  • Аё модар! Туро ёд кардам, дар танхои чашм мепушам ва садои хандаҳоят ба гуш мерасад. Вакте чашм мекушоям ин садо хомӯш мегардад, зеро ин садо тасаввур аз хотиротам буд. Туро ёд кардам модар,чи гуна суханҳое бароят бигуям то ту дар наздам ҳозир шавӣ ва туро огӯш гирам сарамро болои китфонат гузораму роҳат кунам. Оҳ модар! Чашмонам аз ёди ту ҳамеша нам ҳастанд. Чӣ қадар вазнин, чӣ қадар мушкил ин дури аз ту, туро ёд кардам.
    Биё модар, даст бар сарам бигузор, дили мисли мавҷҳои дарё пурталотум гаштаамро ором намо, биё ки ман бо ту рози дил бигуям. Эй раҳмати Худованд ту бузургтарин шахси ҳаёти, зеро бо ин ҳама бузурги маро бузург кардӣ. Эй ҷаннати Парвардигор дар руи замин! Ту василаи хушбахтии ҳаёти ман, зеро ту маро бизодӣ, баҳри ман шабҳо дар сари гахворам нишаста бехоби кашиди, ду чуйбори ширатро аз ман дареғ надошти. Туро ёд кардам модар ту мисли гул ҳасти, ки аз буи хушат ҷахон муаттар аст. Аё модар! Туро ёд кардам, аз ин дури дилам шикаста аст мисли намози мусофир.
  • Эй модаричон нома саломам
    бифирист. Як фотихаи нек ба
    номам бифирист.Дар мулки
    мусофири шудам пазмонат.Аз
    танури тасфонат як бурида
    нонам бифирист.
  • baman+makul
  • ЗАМИНУ ОСМОНАМ МОДАРИ
    МАН.БАХОРИ ГУЛФИШОНАМ
    МОДАРИ МАН.БИМИРАМ ДАР
    КАЛОМИ НОМИ НЕКАТ.УМЕДИ
    ЧАХОНАМ МОДАРИ МАН,
  • Эй хона Худо, ба мулку манзил, модар,
    Аз нури Худо гирифта кандил, модар.
    Ман кашфи бузургият бикардам, ки туи
    Аз баъди Худо бузург дар дил модар.

    Тобон будию ба дида тобон, модар,
    Аз мехр ба синахо гулафшон, модар.
    Нуре шуда бо Худои худ пайвасти,
    Эй нури ба дидахо дурахшон, модар

  • Хар яки шумо метавонед,ки шеърхои худро дар ин варака нависед,бахри Модарон
    ________________________________________________________________________

    РУБОӢ ВА ДУБАЙТИҲО
    Бар мадфани модарам чу гул бигзорам,
    Ман мӯи сафеди хешро бишморам.
    Чун панҷаи хуршед сарам бинвозад,
    Аз панҷаи нарми модарам ёд орам.

    * * *
    Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
    Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост,
    Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
    Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

    * * *
    Як мушт зи хоки модари хушназарам,
    Мушти дигаре зи хоки поки падарам
    Чун ҳадяи вопасинашон бар фарзанд
    Резед ба гӯри ман, чу ман даргузарам.

    * * *
    Модар, модаро, ту ибтидоям будӣ,
    Ҳам қимати қомати расоям будӣ.
    З-аввал ту намезодӣ, намемурдам ман,
    Гӯё ки ту низ интиҳоям будӣ.

    * * *
    Модар, модаро! Шири сафедам додӣ,
    Дунё баумед асту умедам додӣ.
    То бар сари ман чӣ ояд аз бешу камӣ,
    Ту дар сари гаҳвора навидам додӣ.

    * * *
    Модар, модар, чаро чунин зодҳ м
    аро?
    Дар чорсуи азоб раҳ додҳ маро?
    Аз синаи гарми хеш берун кардҳ,
    Дар синаи сарди хок бинҳодҳ маро.

    * * *
    Ҷаҳонеро паи эъҷоз доданд,
    Фазоеро паи парвоз доданд,
    Чу моро модарон зоданд рӯзе,
    Заминро ҳамчу пойандоз доданд.

    * * *
    Аё модар, мадори ман ту будӣ,
    Гули аввалбаҳори ман ту будӣ.
    Нахушкад чашмаи шеъру сурудам,
    Зи бас сарчашмадори ман ту будӣ.

    * * *
    Аё модар, ба қурбони ту мирам,
    Чу муҳри меҳри паймони ту мирам.
    Ҷаҳон пурмакру дастон аст, бигзор,
    Ки ман дар рӯи дастони ту мирам.

    * * *
    Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,
    Сафои бомдоди ман ту будӣ.
    Аё модар, ба он сон бесаводӣ
    Нахустин устоди ман ту будӣ.

    * * *
    Ту хушбахтӣ зи қисмат, хоҳари ман?
    Сарафрозӣ ба олам, додари ман?
    Замин то осмон розиям аз ту,
    Ту аз ман розӣ рафтӣ, модари ман?

    * * *
    Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан,
    Сутуни гунбади миноӣ, эй зан.
    На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан,
    Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан.

    * * *
    Дилам хоҳад равам бар кӯи модар,
    Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар,
    Тамоми рӯи дунёро бигаштам,
    Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар.

    * * *
    Сари гӯри ту биншастам даме чанд,
    Бигирйистам зи андӯҳу ғаме чанд.
    Зи санги сарди болои мазорат
    Бипурсидам: баҳои одамӣ чанд?

    * * *
    Дареғо, модари пирам, дареғо,
    Чароғи бахту тақдирам, дареғо.
    Ту будӣ бар сарам, будам фалакгир,
    Кунун бе ту замингирам, дареғо.

    * * *
    Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам,
    Дуоям кун, дуоятро бигирам.
    Намемирӣ ту, эй модар, агар ман
    Барои модари миллат бимирам!

    * * *
    Куҷоӣ, модари ҷонпарвари ман,
    Худои умри ман, пайғамбари ман.
    Сарам дар бистари марг аст имрӯз
    Биё аз гӯру биншин бар сари ман

    ****

  • Ин шаби туршрӯи боронӣ
    Кулбаи модарам ба ёд омад.
    Боми ӯ мечакад зи боронҳо,
    Дар дилам оламе ба дод омад.

    Дар чунин кулбаи фақирона
    Бо дили рост модарам дорост.
    Кӯдаконаш ба ҳар куҷо рафтанд,
    Монда дар кунҷи хонае танҳост.

    Шояд ӯ бо умеди авфи гуноҳ
    Рамазон асту рӯза медорад?
    Вақти ифтор чак-чаки шибдор
    Ҳеҷ бар гӯши ӯ намефорад?

    Ё ки дар ҷонамози фарсуда
    Зикри Аллоҳ мекунад дар дил?
    Ё зи парвардигор мехоҳад,
    Ки зи ҷаннат диҳад варо манзил?...

    Буд вақте ки модари пирам
    Тозарӯ буд, милаи тар дошт.
    Милааш дошт бӯи ҷурғотӣ,
    Ҳайдарии хазинаи зар дошт.

    Остини фарох то оринҷ
    Барзада бо ҳазору як тадбир
    Гӯиё ҳаққи кӯдаконашро
    Меситонд аз қаламкаши тақдир.

    Субҳгоҳон чу гов медӯшид
    Пушти ӯро ба меҳр молида,
    Дохили ширдӯша меафтод,
    Милаҳояш зи шона лағжида.

    Ҳар гаҳе дар танӯри бозудор
    Кулчаҳои башир мечаспонд,
    Сари мижгону абрувонашро
    Лахчаҳои танӯр месӯзонд.

    Ширбӯ дастҳои ӯ шабҳо
    Ба сарам нарм-нарм мелағжид.
    Бесухан пилкҳои чашми маро
    Ба сари панҷаҳош мемолид.

    Чи қадар дар дилам таманно буд,
    Лек аз содагӣ намегуфтам.
    Ҳамчунон дасти ӯ ба рӯи дилам
    Вассаҳоро шумурда мехуфтам.

    Боз дар ин шабони боронӣ
    Кулбаи модарам ба ёд омад.
    Чак-чаки шифт... шиддати борон...
    Дар дилам оламе ба дод омад.

    Модарам!
    Модари биҳиштиям!
    Ҷои ту дар биҳишт таъйин аст,
    Лек ҳоло, ки мечакад бомат,
    Ман надонам чӣ рӯзи сангин аст.

    Модарам! Модари биҳиштиям!
    Нестӣ ту аз он пушаймонҳо.
    Тирборон накушт агар моро,
    Нест боке зи барфу боронҳо!

    Модарам! Модари биҳиштиям!
    Зиндагӣ гаҳ ба хеш мегиряд.
    Бар замин осмони бепоя
    Гаҳ ба ҳоли пареш мегиряд.

    Модарам! Модари биҳиштиям!
    Осмон боиси чӣ гирён аст?
    Ашки ту бас набуд, ки дар дунё
    Боз борону боз борон аст?..

  • да
  • Мама-это человек,который
    может заменить всех,но еë
    никто и никогда заменить не
    сможет!!!Берегите своих
    мам!!!
  • Дилам хохат равам бар кухи модар,
    Вучудам пур шавад аз буи модар.
    Тамоми руи оламро бигаштам,
    Надидам руи хуш чун руи модар.
  • Зиндагиро дуст
    дорам аз
    барои модарам.... Аз
    барои
    он,ки модарам хаст
    болои
    сарам..... Эй худои
    мехрубон
    ту нигахдор
    модарам...... Ман
    бубинам дарду гам
    лек набинад
    модарам...